Саид Шоҳзодамуҳаммад

Саид Шоҳзодамуҳаммад

 

 

Аз силсилаи «Шахсиятҳои таърихӣ ва аксҳои таърихӣ»

Саид Шоҳзодамуҳаммад

Нивиштай Мирзошо Ватаншоев 25 Апрел 2019(Файсбук)

Нашри дар сайт Симой Шуғнон 16 Июня 2019

ОЛИМ, ФАҚЕҲ, ОМӮЗГОР, СИТОРАШИНОС, ШОИР, ТАБИБ, ХАТТОТ, НАҚҚОШ, КИТОБСОЗ…

Донӣ, ки каломи «Ваҷҳи дин» аён аст,
Сармояи   дину    маъдани   имон  аст,
Гар толиби маърифат аз он металабӣ,
Таҳқиқ бидон, ки мағз аз Қуръон аст.
                                                               (Саид Шоҳзодамуҳаммад)

Саид Шоҳзодамуҳаммад ибни Саид Фаррухшоҳ (1869-1935) ситораи тобноки илму адабиёту фарҳанг аз аҳли рустои зебоманзари Сарои Баҳори мавзеи Поршиневи Бадахшон аст. Ин шахсият олим, фақеҳ, табиб, шоир, муаллим, хаттот, наққош… хулоса, як доират-ул-маорифи замони худ будааст.

Қиблагоҳи ӯ Саид Фаррухшоҳ низ яке аз донишмандони шинохта буда ва ҳафт сол дар мадрасаи Бомбайи Ҳиндустон таҳсили илм кардааст. Ӯ ҳамчунон яке аз пайравони ҷараёни тасаввуф ва яке аз пирони исмоилиён ва донандаи мумтози фалсафаи исмоилия будааст. Аз Саид Фаррухшоҳ аз ҷумла асаре бо вазни достони «Юсуф ва Зулайхо» – и Мавлоно Ҷомӣ таълифшуда боқӣ мондааст. Саид Фаррухшоҳ дар ин достон шарҳи ҳоли 8 шоҳи Бадахшон – Абдураҳмон, Шоҳ Худодод, Шоҳ Давлат, Шоҳ Амирбек, Шоҳ Ванҷӣ, Қубодхон, Абдураҳимхон ва Юсуфалихонро овардааст.

Фарзанди ӯ Шоҳзодамуҳаммад аз кӯдакӣ бо кумаки амакаш Шоҳниёз пешаи хаттотиро меомӯзад ва дар тӯли умри хеш ба чандин китоб ҷони дубора бахшида, нусхабардорӣ кардааст. Дар Ленинград (Санкт – Петербург) дар Пажӯҳишгоҳи халқҳои Осиё асарҳои «Умм-ул-китоб», «Мабдаъ ва миод», «Саҳифат-ун-нозирин», «Ҳафтбоб» ва ғайра маҳфузанд, ки ин китобдӯсту фозилмард нусхабардорӣ кардааст.

Аз рӯи дастхати Шоҳзодамуҳаммад асари маъруфи «Ваҷҳи дин» – и Носири Хусрав соли 1924 дар Берлин ва баъдтар дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Шоҳзодамуҳаммад бо хаттотӣ, наққошӣ, муқовабандӣ ва китобсозии худ, бо фаъолияти адабиву илмиву тиббии худ дар интишору тарғибу тарвиҷи осори бузургоне чун Ҳаким Носири Хусрав, Ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳаким Саноӣ, Хоҷа Ҳофиз, дар тарбияи рӯҳонӣ, маънавӣ ва ахлоқии мардум, пешрафти адабиёту илму фарҳанг дар Бадахшон ва тарбияи шогирдон хадамоти шоистае анҷом додааст.

Манзили Шоҳзодамуҳаммад маҳфилу маркази адабиётдӯстону фарҳангиёни минтақа будааст.Шоҳзодамуҳаммад Носири Хусравро табиби рӯҳонӣ ва Ибни Синоро табиби ҷисмонӣ мешумурд. Вай аз хурдӣ ба омӯхтани осори тиббии Ҷолинус, Луқмони Ҳаким ва Сино шурӯъ карда, дар илми тиб ба пояҳои баланд расидааст.

Китоби ӯ бо номи «Тибби Шоҳзодамуҳаммад» дар байни мардум хеле маъруф аст ва соли 1 993 бо кӯшиши набераи вай Умед ба хатти криллик ба табъ расид. Шоҳзодамуҳаммад бино ба навиштаи олими маъруф ва гиёҳшиносу давошиноси маъруфи имрӯзии тоҷик Юсуф Нуралиев феҳристи беш аз сад рустании шифобахшро тартиб додааст ва хусусияти табобати зиёда аз 80 хели онҳоро мушаххас сохтааст.

Устод М. Миршакар дар бораи Сарои Баҳор аз гуфтаҳои Устод Мирзо Турсунзода чунин иқтибос овардаанд:

«…бо Мирсаиду Боқӣ аввалин бор ба Помир сафар карда будам. Ар сеи мо соҳибихтиёр будем. Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Вахон сайргоҳи мо буд. Чи ҷойҳои афсонавиро тамошо кардем. Бо мӯйсафедони зиндадилу суханпардоз нишаста, ширчой хӯрдем, сӯҳбат кардем, лаззат бурдем. Рақсу сурудхонии халқиро тамошо кардем. Об аз чашмаи шоир Носири Хусрав нӯшидем. Дар оби шифобахши Гармчашма шино кардем. Ба Сарои Баҳор, ки бинокори он шоиру табиб Шоҳзодамуҳаммад будааст, рафтем. Росташро гӯям, Сарои Баҳор музейи кушодаи адабист, ки мислаш дар ҳеҷ ҷойи дигаре нест. Дарахтони мева, гулзор ва дар ҳар куҷои боғ тахтасангҳо ва бар лавҳи тахтасангҳо ғазалу рубоиву қитъаҳои баргузидаи шоирони бузурги классикӣ канда шудааст…»

Ва худи Устод Мирсаид Миршакар дар бораи усули табобати Шоҳзодаму­ҳам­мад чунин ёдоварӣ кардаанд:

«-Дар назди ҳавлиаш ҳазор хел гулу гиёҳҳои даштию кӯҳӣ мекорид ва аз рӯи нусхаи Абӯалӣ ибни Сино дору тайёр мекард. Доруро барои онҳое медод, ки ба ҳикмати ӯ боварӣ доштанд. Музди меҳнаташро танҳо баъд аз шифо ёфтанашон оварда медоданд. Аз онҳое, ки шифо намеёфтанд, музд намегирифт».

 (Мирсаид Миршакар. Ёди ёри меҳрубон. Душанбе. Нашриёти «Адиб», соли 1 993, саҳ. 73)